ул. Академиков Раджабовых, 3.
Сармоягузории қобили қабул Лоиҳаи «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он ба ҳавзаи баҳри Арал» тавассути ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод намудани қарзҳоро ба аҳолӣ дар самтҳое, ки бештар соҳаи кишоварзиро дар бар мегиранд, маблағгузорӣ менамояд. Ҳамзамон, тибқи талаботи лоиҳаи мазкур маблағгузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ бояд элементи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро доро бошанд. Масалан, тухмиҳои ба тагирёбии иқлим тобовар бар ивази тухмиҳои оддӣ, обкашҳои каммасрафи барқӣ, назорати биологии ҳашаротҳои зараррасонони кишоварзӣ, агро-ҷангалпарварӣ дар асоси дарахтони мевадиҳанда ва чормагзӣ (писта, бодом) дар нишебиҳои теппаҳои заминҳояш харобшуда. Хусусан маблағгузорӣ ба самтҳои дар поён зикр шуда равона карда мешавад: |
a) Баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои полезӣ ва дарахтони мевадиҳанда, тариқи гуногунсозии зироатҳо, устувории тухмиҳои ба тагйирёбии иқлим тобовар, ниҳолҳои гуногун ва чораҳои дастгирии системаи тухмиҳо бо истифодаи технологияҳои нав ва мувофиқ: - Ташкил намудани гармхонаҳои камхарҷ (гармхонаҳои пассивӣ ва зеризаминӣ-термос); - Парвариши тухмиҳои хӯроки чорво (гандумдона, алаф в.ғ); - Ниҳолпарвариҳои хусусӣ; - Токзор ва боғҳо; - Боғпарварии интенсивӣ; - Низоми беҳтаркунии дар соҳаи кишоварзӣ, ба монанди гуногунсозии зироатҳо; - Беҳтар намудани навъҳои зироатҳо ва дарахтон (ҷангалзорҳо); - Беҳтар намудани навъҳои тухмиҳо (тобовар ба хушксолӣ, зараррасонони кишоварзӣ, беморӣ ва шӯршавии замин). |
б) Идоракунии захираҳои обӣ ва самаранок истифода бурдани он дар хоҷагиҳо. - Обёрикунии қатрагӣ; - Истифодаи қубурҳои пластикӣ; - Бо полиэтилен руйпуш кардани қаъри каналхо ва обгузарҳо; - Баробарсозӣ/ҳамворсозии замин (лазерӣ); - Шинондани дарахтон дар хатҳои паноҳгоҳии қитъаҳои замин; - Банақшагирии обёрикунӣ; - Обёрикунии иловагӣ; - Барқарорсозӣ ва такмили заҳкашҳо; - Ташкил намудани обамборҳо барои ҷамъоварии обҳои борон; - Истифодаи технологияҳои камхарҷи оббарорӣ ба қитъаҳои баланди замин; - Ҷорӣ намудани истифодабарии обкашҳо (насосҳо)-и камхарҷ. |
c) Назорати вайроншавии замин тавассути агро-хоҷагии ҷангал ва тадбирҳои идоракунии чарогоҳҳо:- Инфраструктура барои дастрасии чарогоҳҳои дурдаст ва истифодабарии онҳо;- Таҷҳизоти хурдҳачм барои истеҳсолот ва ҷамъоварии ҳосили зироатҳои хӯроки чорво;
- Чораҳои барқарорсозӣ барои минтақаҳои осебдида; - Киштукори такрории қитъахои замин, - Истифодаи унсурҳои замонавӣ (хлорофиллометрхо, системаи нурипошихои фарккунанда намуди Greenseeker, ЕМ38) барои ташхиси босуръати холати хок/растанихо. |
d) Назорати зараррасонҳо ва касалихо:- Чораҳои назорати биологӣ,
- Идоракунии ҳамгироишудаи зараррасонҳо (танҳо бо истифодаи био-пеститсидҳо). |
e) Ҳифзи соҳаи кишоварзӣ. |
f) Баланд бардоштани соҳаи: - Чорводорӣ (аз парвариши гов, гусфан ва асп гузаштан ба буз парварӣ),- Парандапарварӣ,
- Замбўриасалпарварӣ, - Моҳипарварӣ (навъи гулмоҳӣ). |
g) Коркарди самараноки маҳсулоти кишоварзӣ (масалан, хушк кардани меваҳо ва г.)
|
h) Баланд бардоштани истифодаи самараноки энергетикӣ: - гарминигаҳдорӣ (тирезаҳои пластикӣ ва пленкаи полиэтиленӣ); - равшанӣ, - обкашҳои каммасрафи барқӣ ва ғ. |
i) Зиёд намудани манбаъҳои барқароркунандаи энергия, махсусан дар минтакаҳои аҳолинишини дурдаст: - Таҷҳизоти биогазӣ, - Таҷҳизоти энергияи офтобӣ, - Неъругоҳҳои обӣ-барқии хурд, - Пешбарии истифодабарии хонахои каммасрафи энергия. - Пешбарии гарминигоҳдорихои устувори камхарҷи хонаҳои деҳотӣ. |