ул. Академиков Раджабовых, 3.
Лоиҳаи “Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он ба ҳавзаи баҳри Арал” бо мақсади саривақт ва мақсаднок татбиқ гардидани лоиҳа байни мутахассисони ташкилотҳои қарзии иштироккунандаи лоиҳа озмун ҷиҳати навиштани таърихи дастовардҳо (Success History) эълон мекунад.
Мақсади навиштани таърихи дастовард ин ҷамъоварии дастовардҳои лоиҳа ҷиҳати мутобиқгардонии соҳаҳои хоҷагии кишлоқ ба тағйирёбии иқлим тариқи маблағҳои қарзӣ мебошад. Дар озмуни мазкур ҳамаи мутахассисони қарзии ташкилоти Шумо иштирок карда метавонанд.
ТАЛАБОТҲО ОИД БА ФОРМАИ ТАЪРИХИ ДАСТОВАРД Таърихи дастовард бояд дар формати Word, дар хаҷми 2-4 саҳифа, андозаи A4, ҳуруфоти 14-и Times New Roman бо забонҳои руссӣ ва англисӣ пешниҳод карда шавад. Таърихи дастовард то санаи 11 марти соли 2019 тавассути почтаҳои электронии camp4asb@greenfinance.tj, s.bobokhonov@greenfinance.tj қабул карда мешавад. Беҳтарин таърихи дастовард дар сомонаҳои интернетии лоиҳа ва ташкилотҳои қарзии иштироккунанда ҷой карда мешавад
МУКОФОТ БАРОИ БЕҲТАРИН ТАЪРИХИ ДАСТОВАРД: 1. Се таърихи дастоварди беҳтарине, ки дар озмун ғолиб мегарданд ҷиҳати иштирок намудан дар конфронсӣ Осиёи Марказӣ дар мавзуи тағйирёбии иқлим, ки рӯзҳои 3-4 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад, сафарбар карда мешаванд. (Хароҷотҳо аз ҷониби Марказ пардохт карда мешавад).
МУКОФОТ БАРОИ МУТАХАССИСОНИ ҚАРЗӢ: 1. Ҷойи якум 800 сомонӣ 2. Ҷойи дуюм 600 сомонӣ 3. Ҷойи сеюм 500 сомонӣ
ТАЛАБОТҲО ОИДИ ТАЪРИХИ ДАСТОВАРД: Ҳайати комиссия, таърихи дастовардҳоро аз рӯи талаботҳои зерин арзёбӣ мекунанд:
1. Таърихи пешниҳодгардида бояд асоси ҳақиқӣ дошта бошад;
2. Таърихи дастовардҳо бояд дорои хусусиятҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим бошанд;
3. Талаботҳои экологӣ ва иҷтимоӣ ба инобат гирифта шавад;
4. Дар таърихи пешниҳодшуда таҳлили манфиатҳои иқтисодӣ пешниҳод карда шавад;
5. Пешниҳод намудани аксҳои босифат;
6. Аксҳо бояд таърихи дастоварди мизоҷро дар бар гирад.
ТАЛАБОТҲО БАРОИ МУТАХАССИСОНИ ҚАРЗӢ:
1. Мутахассиси қарзие, ки таърихи дастовардаш дар озмун ғолиб мебардояд;
2. Мутахассиси қарзие, ки доираи лоиҳа ҳуҷҷатгузориро дуруст ба роҳ мондааст.